Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи барканориҳо дар Туркия


Ҳукумати Туркия қарори аз кор рондани беш аз 6 ҳазор пулису ходими давлатӣ ва академикҳоро содир кардааст. Ин афрод барои ҳамкорӣ бо ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико ва даст доштан дар табаддулоти нофарҷоми тобистони соли гузашта муттаҳам мешаванд. Бар асоси қарори нав, ки рӯзи 6 январ ба нашр расид, тақрибан 2700 корманди пулис, 1700 корманди Вазорати адлия ва садҳо пизишку академик ва кормандони Идораи дин ҷои кори худро аз даст доданд. Дар маҷмӯъ, баъди табадуллоти нофарҷоми соли гузашта, 120 ҳазор нафар ё кори худро аз даст доданд ё дар боздошт ба сар мебаранд. Чунин бархӯрди ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо вокунишҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шуд. Онҳо мегӯянд, Анкара бо баҳонаи саркӯби табаддулотгарон гуногунандеширо маҳв мекунад. Туркия Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико ва ҷунбиши таҳти идораашро барои ташкили табаддулоти нофарҷом муттаҳам карда ва борҳо аз Иёлоти Муттаҳида истирдоди ӯро талаб намудааст. Аммо Гулен расман ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG