Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама аз даврони ҳузураш дар Кохи сафед натиҷагирӣ кард


Президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама гуфт, ки дар даврони роҳбарии вай заминаи наве барои рушди кишвар гузошта шудааст. Ба ин мазмун вай ду давраи роҳбариашро дар Кохи сафед дар як мактуб хулоса кардааст.

"Бартарии асосии зиндагонии ман ин ба ҳайси президент хизмат кардан буд. Зимни омодагӣ ба супоридани мансаб ва дубора ба зиндагонии маъмулӣ баргаштан, ман бо ифтихор изҳор медорам, ки пойдевори наверо барои Амрико гузоштем. Мо бо дастони худамон метавонем ояндаамонро бинависем", - гуфтааст Обама ва илова кардааст, ки "рӯзҳои беҳтаре дар пешанд".

Дар паёмаш вай аз дастовардҳои тимаш ёдовар шуда, гуфтааст, вазъи иқтисодӣ беҳ шуда ва аллакай давоми чанд моҳ шумори рӯзафзуни ҷойҳои корӣ пойин наомадааст.

Обама инчунин аз маҳви роҳбари гуруҳи террористии "ал-Қоида" Усома ибни Лодан, берунории артиш аз Ироқ ва коҳиши ҳузури низомиён дар Афғонистон хотиррасон кардааст.

Дар бораи сиёсати хориҷӣ, вай дар навбати аввал аз беҳшавии муносибатҳо бо Куба ёдовар шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG