Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлагари Reina эҳтимол уйғури Осиёи Марказӣ аст


Дар чаҳорчӯби таҳқиқи ҳамлаи шаби соли нав ба клуби шабонаи Reina дар Истамбул, боз чанд гумонбари дигар боздошт шуд.

Рейди пулис дар шаҳри Салимпошшо, воқеъ дар ғарби Истамбул ҷараён гирифт.

Рӯзи гузашта пулиси Туркия 20 нафарро дар Измир бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва даст доштан дар ҳамлаи Истамбул боздошт кард.

Ҷустуҷӯи ҳамлагари Reina ҷараён дорад ва ӯ ҳоло боздошт нашудааст. Пешгӯӣ мешавад, ки ӯ намояндаи уйғурҳои яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Рӯзи 4 январ Вазорати хориҷии Туркия гуфт, ки ҳуввияти ҳамлагар маълум шудааст, аммо ҷузъиёти дигар надод.

Дар ҳамлаи шаби Соли Нав ба клуби шабона 39 нафар кушта ва 65 нафар захмӣ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG