Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон танқиди Туркияро "ғайри созанда" унвон кард


Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон

Эрон иддаои Туркияро, ки мегӯяд шарикони Теҳрон дар Сурия оташбасро вайрон мекунанд, "ғайри созанда" хонд ва дар муқобил шӯришгарони Сурияро ба нақзи оташбас муттаҳам кард.

"Оташбаси феълии Сурия борҳо аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ нақз шудааст"- гуфт Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷии Эрон.

Қосимӣ аз Туркия даъват кард, ки барои мубориза бо нақзи оташбас иқдом кунад ва аз доштани мавқеи "ғайри воқеӣ" худдорӣ намояд.

Изҳороти Эрон як рӯз баъд аз даъвати Мавлуд Човушоғлу пахш шуд, ки гуфт Эрон бояд иқтидорашро бар шибҳанизомиёни шиа нишон диҳад ва ба нақзи оташбас хотима гузорад.

Оташбасе, ки Русия ва Туркия ҳафтаи гузашта миёнҷигӣ карданд, қарор аст роҳро барои музокироти сулҳ боз кунад. Макони гуфтугӯҳо Остона, пойтахти Қазоқистон интихоб шудааст.

Аммо Човушоғлу ҳушдор дод, ки нақзи оташбас барномаи сулҳро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад.

Эрон ва Русия аз шарикони калидии президенти Сурия Башор Асад номбар мешаванд, дар ҳоле, ки Туркия аз шӯришгарони зидди Асад пуштиибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG