Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории президенти Қирғизистон ба Чин


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар доираи як сафари корӣ ба Чин меравад. Алмос Усенов, сардори Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтааст, ки ҳайати ин кишвар ба раҳбарии Отамбоев нимаи дувуми рӯзи 5 январ озими Пекин хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин сафар, мулоқоти раҳбарони Чину Қирғизистон ва баррасии масоили рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар назар аст. Интизор меравад, ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистонро муҳокима кунанд. Қаблан раҳбарони Ӯзбекистону Эрон низ аз мавқеи Қирғизистон дар робита ба тарҳи мазкур ҷонибдорӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG