Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Узбакистон мудири собиқи ширкати "Zeromax", Миродил Ҷалоловро аз зиндон озод кард.

Биноба манобеи бахши Узбакии "Радиои Озодӣ", соҳибкор рӯзи 4 январ дар толори додгоҳ озод шуд ва дафъатан ба бустонсарои худ, воқеъ дар канораҳои Тошканд рафт.

Додгоҳ Ҷалоловро аз зиндон озод аммо муваззаф кард, ки ҳар бор бо даъвати додгоҳ ба мурофиа ҳозир шавад.

Миродил Ҷалолов, ки дар Узбакистон бо номи "Одилбой" машҳӯр аст, соли 2010 барои гӯё ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуд. Моҳи майи ҳамон сол фаъолияти "Zeromax" мутавақиф ва дороиҳои он мусодира гардид.

Дар мурофиаи рӯзи 4 январ вакили Ҷалолов аз додгоҳ хоҳиш кард, ки барои ҷуброни хисорот ба зерҳимояаш фурсат диҳанд ва қарори боздоштро бекор кунанд.

Ширкати "Zeromax", ки дар Шветсария сабти ном шудааст, дар самтҳои мухталифи саноати Узбакистон, аз ҷумла нафту газ, истихроҷи тилло, нассоҷӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва нақлиёт фаъолият мекард.

Қаблан матбуот навишта буд, ки Гулнора Каримова, духтари бузурги президент ахири Узбакистон Ислом Каримов, аз "Zeromax" миллионҳо доллар фоидаи газу нафт, тилло ва масулоти дигарро дарёфт мекард. Ба навиштаи матбуот, фаъолияти ин ширкат то баста шуданаш, ҳамчунин аз интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар иборат буд. Аммо мақомот ин иттиҳомро расман тасдиқ накардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG