Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Ҳирот бо шиори "Марг ба душманони Афғонистон"


Эътирози шиамазҳабҳо дар Ҳирот

Садҳо намояндаи шиамазҳабҳои Афғонистон алайҳи ҳамлаҳои рӯзафзӯни гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ғарби ин кишвар эътироз карданд. Онҳо рӯзи 3 январ, бо нидои "Марг ба душманони Афғонистон" шиорҳои зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва акси қурбониёни ҳамлаҳои ахир, то идораи волии шаҳри Ҳирот раҳпаймоӣ карданд.

Ҳирот, ки бо Эрони шиамазҳаб марзи муштарак дорад, ахиран мавҷи ҳамлаҳоро ба масҷидҳои шиаҳо шоҳид шуд. Рӯзи 1 январ дар пайи як ҳамла раҳбари намозгузорон кушта шуд ва 5 нафар захм бардоштанд. "Ин як тамоюли хатарнок аст ва мо аз ҳукумат ҳимоят мехоҳем", - гуфт яке аз тазоҳургарон.

Як сол пеш ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар вилояти шарқии Нангарҳор, ҳаммарз бо Покистон, маҳдуд буданд. Аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ин муддат онҳо тавонистанд ҳузури худро дар минтақаҳои дигар густариш диҳанд.

Наҷибуллоҳ Монӣ, раҳбари Идораи муқовимат бо терроризм дар Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 3 январ дар Ҳирот гуфт, ҳоло ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар 11 вилояти Афғонистон фаъол шудаанд. Моҳи июли соли гузашта ҷангҷӯёни ДИИШ дар як ҳамлаи интиҳорӣ масҷиди шиаҳоро дар Кобул ҳадаф қарор дода, беш аз 80 нафарро куштанд ва 130 тани дигарро захмӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG