Бар асари гирдбод дар Алабама, аёлати ҷанубии Амрико, чаҳор нафар ҷон бохтанд. Боди тунд якҷоя бо борони сел ва жола дарахтҳоро решакан, боми ҳонаҳо ва сохтмонҳои сабукро вайрон кард. Дар чанд маврид парвози ҳавопаймоҳо мутаваққиф шуда, хатти интиқоли барқ аз кор баромад ва бошандагони Луизиана ва Миссисипӣ аз барқ маҳрум шуданд.