Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Истанбул ба рӯҳи қурбониёни Riena дуо карданд


Рӯзи 3 январ одамони зиёд дар даромадгоҳи клуби шабонаи Riena ҷамъ шуда, барои 39 қурбонии ҳамлаи шаби Соли нав ба ин тафреҳгоҳ дуо хонданд. Гумонбари ҳамла ба клуб ҳоло ҳам боздошт нашудааст.

Пулиси Туркия мегӯяд, ҳамлагар аз ҳунари ҷанг дар шароити шаҳр бархӯрдор аст ва эҳтимол дар Сурия аз тарафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҷангидааст. Инчунин, гумонҳое мавҷуданд, ки ӯ ё шаҳрванди Қирғизистон аст, ё Узбакистон. Пулиси Туркия акси ин марди ҷавонро, ки шаби соли нав аз силоҳи автоматӣ ба сӯи меҳмонони клуби шабонаи Reina оташ кушод, нашр кардааст.

Ноиби нахуствазири Туркия, Нӯъмон Куртулмуш рӯзи 2 январ ба хабарнигорон гуфт, дар заминаи ин ҳодиса якчанд нафарро боздошт карданд. Баъди ҳамла ба Reina бисёр қаҳвахона ва клубҳо дар маҳаллаҳои сайёҳии Истанбул баста боқӣ мондаанд. Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдрим эълон кард, вазъи фавқулода дар кишвар барои бори севум тамдид мешавад. Ҳукумати Туркия баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016, вазъи фавқулода эълон кард

XS
SM
MD
LG