Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми тозаи Отамбоев ба президенти Узбакистон


Atambaev Uzbekstan Tashkent Desember 2016

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон, баъд аз анҷоми сафараш ба Узбакистон ба раиси ҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев паём фиристода ва гуфтааст, ки Бишкек барои таҳкими минбаъдаи муносибат бо Тошканд азми қатъӣ дорад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Мирзиёев барои пазироии гармаш ҳангоми сафари ӯ ба Узбакистон миннатдорӣ баён кардааст. Ӯ гуфтааст, “бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо тавонистем масири минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян созем ва ба ҳамдигарфаҳмии амиқе даст ёбем.” Ба қавли раиси ҷумҳури Қирғизистон, созише, ки дар натиҷаи мулоқоти 24 декабри соли гузашта миёни ӯ ва раҳбари Узбакистон ба миён омад, имкон медиҳад, то ҳар ду кишвар тамоми мушкилот, ҳатто масъалаҳоеро ҳал кунанд, ки тайи чанд соли ахир натавонистанд дар мавридашон ба тавофуқ бирасанд. Алмосбек Отамбоев дар ин паёмаш ҳамчунин аз президенти тозаинтихоби Узбакистон даъват кардааст, ки соли 2017 сафари расмиеро ба Қирғизистон анҷом диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG