Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои матбуотӣ дар толори “Ховар” баргузор мешаванд


Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки қарор аст аз фаъолияти як соли охири худ дар баробари матбуот гузориш диҳанд, ин дафъа дар толори Маркази матбуотии "Ховар" баргузор мешаванд. Чунин тасмим марбут ба сохторҳоест, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд. Худи нишастҳои хабарӣ аз 9 январ то 6 феврал баргузор хоҳанд шуд. Идораи оҷонсии давлатии “Ховар” дар сохтмони маъруф ба Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ҷойгир аст.

Анъанаи баргузории нишастҳои ҳатмии хабарӣ аз соли 2011 амал мекунад ва дар оғоз ҳар сохтори давлатӣ муваззаф буд, ки ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳад. Баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд. Журналистони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва мақомоти баландпоя, ҳамин нишастҳои матбуотӣ аст, ки имкони матраҳ кардани саволу пурсишҳои муҳимро бо мақомоти кишвар фароҳам меоранд. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ҳамингуна соле ду бор ҳатман мулоқот барпо мекунанд.

XS
SM
MD
LG