Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ба наздикону пайвандони 9 сокини ин кишвар, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани як бинои истиқоматӣ дар шаҳраки Шоҳони Қарағанда ҷон доданд, ҳамдардӣ баён кардааст. Назарбоев ба ҳоким ва ниҳодҳои дахлдори вилояти Қарағанда дастур додааст, то ба зарардидагон ҳамаҷониба кумак расонда, сабабҳои фоҷиаро муайян кунанд. Бар пояи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳукумати Қарағанда гуфтааст, барои наздикони қурбониён якмиллионӣ ва хонаводаҳои зарардида 500 ҳазор тангаӣ ҷудо хоҳад кард. Ҳамчунин тамоми хароҷоти маросими дафни ҳалокшудаҳоро ба зимма гирифтааст
"Бар пояи қонунгузорӣ ҳаҷми хисоротро коршиносони комиссияе муайян хоҳанд кард, ки феълан ба таҳқиқи сабабҳои ҳодиса машғуланд", - афзудааст хадамоти матбуотии ҳукумати Қарағанда. Тибқи баҳои ҳайати комиссия ба зарардидаҳо ҷуброн пардохта хоҳад шуд.
Шаби 1 январ дар Шоҳони Қарағандаи Қазоқистон як бинои истиқоматӣ қисман фурӯ рафт, ки дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар, аз ҷумла ду кӯдак аз зери харобаҳо наҷот дода шуд.