Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши хонаи Бенямин Нетаняҳу аз сӯи пулис


Рӯзи душанбе кормандони пулис ба хонаи истиқоматии Бенямин Нетаняҳу рафта ва тафтиши хонаи нахустазири Исроилро ба иттиҳоми фасод, оғоз кардаанд. Кормандони пулис ба пурсишҳои хабарнигорон, ки дар назди хонаи Нетаняҳу ҷамъ омада буданд, посух надоданд, аммо расонаҳои Исроил навиштанд, ки нахуствазири ин кишвар ба гирифтани тӯҳфаҳои гаронбаҳо аз ду тоҷири сарватманд, муттаҳам мешавад. Ба навиштаи ин расонаҳо, писари калонии Бенямин Нетаняҳу низ муттаҳам аст, ки илова бар гирифтани чанд тӯҳфаи гаронбаҳо, чандин бор низ ба сафарҳои ройгон даъват шудааст. Нахуствазири Исроил дарёфти ҳаргуна ҳадя аз сӯи ин ду тоҷирро рад карда ва ин иттиҳомро "беасос" хондааст.

XS
SM
MD
LG