Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони футболи замони Шӯравӣ даргузашт


Виктор Царев, қаҳрамони футболи Шӯравӣ
Виктор Царев, қаҳрамони футболи Шӯравӣ

Футболбоз ва мураббии машҳӯри тими мунтахаби Шӯравӣ ва "Динамо"-и Маскав, Виктор Тсарев дар синни 86 солагӣ даргузашт.

Тсарев 2 июни соли 1931 дар шаҳри Маскав ба дунё омад ва дар авохири солҳои 40-ум дар ҳайъати ҷавонони тими "Динамо" бозӣ мекард. Ӯ дар солҳои минбаъда чаҳор дафъа унвони "Чемпиони СССР"- ро дарёфт кард.

Аз соли 1968 то 1973 Виктор Тсарев дар тими мунтахаби Шӯравӣ бозӣ мекард ва соли 1960, вақте Шӯравӣ дар Бозиҳои Қаҳрамонии Аврпуо пирӯзӣ ба даст овард, Тсарев дар ҳайъати ин тим буд.

Виктор Тсарев солҳои зиёд ба ҳайси мураббӣ фаъолият кард ва барои хизматҳояш унвони "Мураббии хизматнишондодаи РСФСР" -росоҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG