Пайвандҳои дастрасӣ

Чораҳои шадиди амниятӣ дар баъзе аз пойтахтҳои Аврупо


Дар лаҳзаҳои таҷлил аз Соли Нав ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамагуна ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар баъзе аз пойтахти кишварҳои Аврупо тадобири шадиди амниятӣ рӯйи даст гирифта шудааст. Олмон, Бритониё, Испания ва Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки нерӯҳои махсуси худро барои ҳифзи амнияти сокинон дар лаҳзаҳои ҷашн сафарбар кардаанд. Дар пойтахти ин кишварҳо дар атрофи марказҳои харид ва макони серодам саддҳои бетонӣ гузошта шудааст. Ин чораҳои амниятӣ дар ҳолест, ки рӯзи 19 декабр як мошини боркаш тӯдаи мардумро дар бозори "Крисмас"-и Берлин пахш кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар қурбон ва 48 нафар захмӣ шуданд. Мақомот гуфтанд, ин мошини боркашро Анис Амрӣ, паноҳандае аз Тунис идора мекард ва баъдан дар пайи амалиёти боздошташ дар Италия кушта шуд. Масъулияти амали террористиро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG