Пайвандҳои дастрасӣ

Равуо миёни ИМА ва Қазоқистон осон шуд


Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 29 декабри соли ҷорӣ шаҳрвандони Қазоқистон, ки бо нияти корӣ, шахсӣ ва ё сайёҳӣ қасди сафар ба ИМА-ро доранд, метавонанд раводиди 10-сола дарёфт кунанд. "Ҷорӣ кардани ин навъи виза ба шаҳрвандони Қазоқистону Амрико имкон медиҳад, ки ба муҳлати тӯлонитар сафар кунанд ва аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ ташвиш накашанд", - гуфтааст сафири ИМА дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол.

Ба гуфтаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон арзиши ин навъи виза 160 долларо ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони ИМА низ метавонанд визаи Қазоқистонро ба муҳлати то 10 сол дарёфт кунанд. Аз ибтидои соли 2016 шаҳрвандони ИМА барои сафарҳои то 30 рӯза ба Қазоқистон дигар эҳтиёҷ ба виза надоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG