Пайвандҳои дастрасӣ

Азми Алишер Усмонов барои таъсисӣ бунёди хайриявӣ дар Ӯзбекистон


Алишер Усмонов.

Алишер Усмонов, миллиардери ӯзбектабори Русия дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфтааст, ки ният дорад, дар Ӯзбекистон бунёди хайриявие таъсис диҳад. Усмонов қаблан низ гуфта буд, мехоҳад барои рушди соҳаи илм, ҳунару варзиш ва ташвиқи тадқиқотҳои илмӣ дар Ӯзбекистон як бунёд ташкил кунад. Дар баробари ин, Усмонов афзудааст, ки дар сурати пешниҳоди мақомоти Ӯзбекистон ҳавасманди сармоягузорӣ дар тарҳҳо низ ҳаст.

"Ҷое хуб аст, ки ба онҷо даъват мешавӣ. Ба фарқ аз дигарон, ман ҷое меравам, ки даъватам мекунанд. Дар сурати ғайр, танҳо чизе, ки мехоҳанд, кумак мекунам. Мехоҳам, дасти кам дар онҷо барои иҷрои тарҳҳое, ки ҳоло дар Москва амалӣ мекунам, як бунёд таъсис диҳам. Албатта, барои ин иҷозат хоҳам пурсид", - изҳор доштааст миллиардер.

Алишер Усмонов рушди Ӯзбекистонро ба раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев, ки ба назари ӯ таҷрибаи бузурги идорӣ дорад, мусбат арзёбӣ мекунад. "Борҳо гуфтаам, ки бо ӯзбек буданам ифтихор дорам. Ман фахр мекунам, ки ин сарзамини ман аст. Ҳар чизе, ки аз дастам меояд, барои Ӯзбекистон ва раҳбарияти он омодаам, ки иҷро кунам. Дар ҳама давру замон", - мегӯяд ӯ.

Ёдрас мешавем, ки Алишер Усмонов қудои Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон аст. Ҷияни Мирзиёев - Диёра соли 2009 бо ҷияни Усмонов - Бобур издивоҷ кард. Вале дувумӣ соли 2013 дар натиҷаи садамаи нақлиётие дар шаҳри Тошканд ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG