Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 35 дипломати русро аз Вашингтон ва Сан-Франсиско хориҷ ва алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорй кард кард. Тавре гуфта мешавад, таҳримҳои нав алайҳи Русия дар заминаи ҳамлаи ҳакерӣ ба почтаи электронии Ҳизби демократ қабл аз интихоботи президентии моҳи ноябр дар Амрико амалй мешаванд.

Иёлоти Муттаҳида фаъолияти ду намояндагии дипломатии Русия дар Мэриленд ва Ню-Йоркро, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико бо ҳадафи ҷамъоварии истихборот истифода мешуданд, низ манъ мекунад. Ба гуфтаи ББС, дастрасии дипломатҳо ба намояндагӣ соати 12-и шаби ҷумъа мамнӯъ мешавад.

Дипломатҳои "нон грата" бояд дар тӯли 72 соат қаламрави Амрикоро тарк кунанд. Таҳримҳо ба мансабдорони дигар аз панҷ муассисаи Русия, бо шумули Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) таъсир хоҳанд дошт.

Видеоҳои охирин

Говҳоямонро дар куҷо забҳ кунем?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG