Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорат хост, муҳоҷирон аз харидани билети "Ямал" худдорӣ кунанд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони кории тоҷик хост, дар ҳоли ҳозир аз харидани билети ширкати русии "Ямал", ки ҳанӯз иҷозаи парвоз ба Душанбеву Хуҷандро ба даст наовардааст, худдорӣ кунанд. Ҳоло даҳҳо мусофири тоҷик бо билети “Ямал” дар фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав дармонда, тақрибан як ҳафта боз интизори парвоз нишастаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 28 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии” ва “Тоҷик Эйр” бе мушкил сурат мегиранд ва муҳоҷирон метавонанд, ки аз хадамоти онҳо истифода кунанд. “Беҳтар аст, аз ширкатҳое, ки иҷозаи расмии парвозро доранд, билет харанд. Чун бе ташвиши зиёдатӣ ба назди пайвандонашон хоҳанд рафт”, - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири тоҷик гуфт, чанде аз ҳамроҳони онҳо бо пули камтар аз ширкати “Ямал” билет харида, ба Тоҷикистон рафтанӣ буданд, аммо дар фурудгоҳ дармонданд. “Дар фурудгоҳ гуфтаанд, ки ин мушкил на аз тарафи онҳо, балки аз ҷониби Тоҷикистон пеш омадааст. Хуб мебуд, масъаларо ду тараф зудтар ҳал кунанд, то бародарон азият накашанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо. Аммо Сарвар Бахтӣ мегӯяд, ин иддао, ки мушкили парвози ҳавопаймоҳои “Ямал” аз тарафи Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, асос надорад.

Ӯ гуфт, ширкати русии “Ямал” аз қабл огоҳ карда шуда буд, то замони ба даст овардани иҷоза билет нафурӯшад. “Вале билетро фурӯхтанд ва акнун мушкилро ба гардани дигарон бор мекунанд”, - гуфт ӯ.

Аз рӯзи 20 декабр боз моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия идома дорад. Тоҷикистон мегӯяд, ширкати русии “Ямал” барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза надошта, Русия созишномаи иртиботи ҳавоиро нақз кардааст. Русия дар посух ба ин, роҳи ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба чанд минтақаи ин кишвар баст. Ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, қазия иқтисодист ва бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои Тоҷикистону Русия аз роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG