Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон Ғарбро ба пуштибонии "террористҳо" айбдор кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддаои президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро, ки мегӯяд эътилофи кишварҳои ғарбӣ аз гурӯҳи "террористӣ" дар Сурия пуштибонӣ мекунанд, рад кард ва онро "хандаовар" номид.

Эрдуғон рӯзи 27 декабр гуфт, бино бар мадраке, ки ӯ дорад, Ғарб ба ҷойи кумак ба Туркия аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пуштибонӣ мекунад, ки аз соли 2014 дар Ироқ ва Сурия мавриди ҳамлаҳои ҳавоии Амрико аст. Эрдуғон, инчунин, шибҳанизомиёни курдро ба гурӯҳи "террорист" ҳамроҳ кард, ки Амрико барои маҳви ДИИШ бо онҳо дар амалиёти заминӣ ҳамкорӣ мекунад.

"Онҳо ба тамоми гурӯҳҳои террористӣ - воҳидҳои дифоии курдҳо бо шумули ДИИШ кумак мекунанд", - гуфт Эрдуғон ва афзуд, "ин комилан рӯшану ошкор аст ва Туркия метавонад, даъвои худро бо аксу видеоҳо собит кунад". Раиси ҷумҳури Туркия изҳороти ба ин монандро моҳи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Покистон пахш кард ва гуфт, ки "ҳамин ҳоло Ғарб дар паси ДИИШ қарор дорад ва силоҳҳои ин гурӯҳ низ дар Ғарб истеҳсол шудаанд."

Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Марк Тонер иддаои Эрдуғонро "хандадор" хонд ва гуфт, ки даъво асос надорад.

XS
SM
MD
LG