Пайвандҳои дастрасӣ

120 ҳазор $-и як сокини Кӯлобро кӣ ба яғмо бурд?


Бинои раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб.

Афроди номаълум аз манзили раҳбари собиқи НСИФТ ё "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди 120 ҳазор долларро ба яғмо бурданд. Ин ҳодиса як моҳи пеш рух дод, вале ҷабрдида баъди он бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, ки пулис гунаҳкоронро ошкор накард ва Тилло Ҳабибуллоев, сокини кӯчаи Сайфиддин Сангов, барои бозгардондани ҳазорҳо доллар ва зару зевари қимматбаҳо то рафт умедашро аз даст медиҳад.

Дар Тоҷикистон иҷораи қуттии амонатии бонк барои нигаҳдории ҷавоҳирот чандон роиҷ нест. Аз сӯи дигар, сокинон ба бонкҳо чандон эътимод надоранд ва бо вуҷуди хатари ғорат тарҷеҳ медиҳанд, ки дороиҳои худро дар хона нигаҳ доранд.

Ин мард даҳсолаҳо роҳбари НСИФТ ё "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон" буд, ки аз сӯи "Бонки рушди Олмон" маблағгузорӣ мешавад.

Омилон кистанд?

Як масъули шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Вале, ба гуфтаи ин манбаъ, то ҳоло омилони дуздӣ ошкор ва боздошт нашудаанд. "Мо танҳо медонем, ки ғоратгарон ҳудуди 120 ҳазор доллар маблағ, тилловорӣ ва дигар дороиҳоро аз хонаи Тилло Ҳабибуллоев бо худ бурданд ва фарзияҳоро баррасӣ мекунем. Кофтукоб аз ҷониби кормандони милиса идома дорад."

Ҳодиса аз забони Ҳабибуллоевҳо

Хонаводаи Ҳабибуллоевҳо мегӯянд, манзили заминии онҳо дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад ва шаби ҳодиса ҳам дарвозаи калон ва ҳам дарвозаҳои ҳамаи утоқҳо баста буд. Ба гуфтаи онҳо, дуздон танҳо яке аз оҳанҳои панҷараи ҳуҷраеро, ки пулу тилловорӣ дар он ҷой дошт, шикаста ва вориди утоқ шудаанд.

Баҳодур Ҳабибуллоев, писари Тилло Ҳабибуллоев дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, шоми ҳамон шаб падараш ба ҳуҷрае, ки пулу тилловорӣ нигаҳдорӣ мешуд, ворид гардида ва ҳамаро аз гузаронда буд. "Падарам маъмулан субҳи барвақт барои адои намози бомдод ба масҷид меравад ва баъд аз тулӯи офтоб ба хона бармегардад. Баъди бозгашт, вақте вориди он утоқ шуд, дид, ки аз пулу тилловорӣ асаре нест ва аҳли хонаводаро тақрибан соатҳои 9-и он рӯз аз ҳодиса хабардор кард", - гуфт Баҳодур Ҳабибуллоев.

Ҷавоҳироти барои "рӯзи мабодо"

Баҳодур Ҳабибуллоев, писари Тилло Ҳабибуллоев, мегӯяд, онҳо дарҳол пулисро дар ҷараён гузоштанд, аммо бо гузашти ҳудуди як моҳ то ҳол ҳеҷ натиҷае ба даст наомад ва дуздҳо низ ошкор нашуданд. Баҳодур Ҳабибуллоев мегӯяд, дар миёни ашёи рабудашуда тилловорӣ бештар буд ва ҳамаи ин ҷавоҳиротро бо маблағҳои меҳнати худашон харида буданд.

Вай гуфт, "ин ҷавоҳирот нархи арзишманде дошт, аз ҷумла соати тилло, гӯшвору гарданбандҳои тилло ва амсоли инҳо, ки барои рӯзи мабодо харида будем."

Дар Тоҷикистон иҷораи қуттии амонатии бонк барои нигаҳдории ҷавоҳирот чандон роиҷ нест. Аз сӯи дигар сокинон ба бонкҳо эътимод надоранд ва бо вуҷуди хатари ғорат шудан тарҷеҳ медиҳанд, ки пулҳои худро дар хона нигаҳ доранд.

Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, зоҳиран ҳамла ба хотири пул сурат гирифтааст
Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, зоҳиран ҳамла ба хотири пул сурат гирифтааст

Дуздӣ дар манзили Сурайё Қосимова ва Қурбон Зуҳуров

Дуздии манзили собиқ менеҷери НСИФТ ё Бунёди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан ду мавриди дуздии шабеҳи ин дар шаҳри Кӯлоб рух дода буд. Дар ҳар ду ҳолат дороиҳои хонавода ба яғмо рафтанд. Яке аз ин маворид, соли 2014 рух дод ва ғоратгарон аз хонаи Сурайё Қосимова, сарояндаи маъруфи тоҷик, бо худ як сандуқи оҳанин (сейф), ки пур аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва ашёи қиматбаҳо буд, ба сирқат бурданд.

Cоли 2014 ҳодисаи дуздӣ дар хонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова рух дода буд.
Cоли 2014 ҳодисаи дуздӣ дар хонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова рух дода буд.

Ҳамчунин, чор моҳе қабл аз хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори шӯъбаи аудити Идораи гумруки вилояти Хатлон маблағи 48 ҳазор доллар дуздида шуд. Нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот ҳамчунон идома дорад. Пулис мегӯяд, ки дар бисёр маврид дуздҳоро онҳое "раҳбаладӣ" мекунанд, ки бо ҷабрдида хешутаборанд, ё ҷойи сарватро медонанд.

Аммо Баҳодур Ҳабибуллоев, писари Тилло Ҳабибуллоев, гуфт, тайи панҷ моҳи ахир ба хонаи онҳо касе аз ёру рафиқон наомада буд ва фарзандони хонадон низ барои таҳсил рафтаанд. Ба қавли Баҳодур, дар манзилашон танҳо чор нафар аъзои хонавода ба сар мебаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG