Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Руминия номздаии Севил Шайдоро рад кард


Севил Шайдо
Севил Шайдо

Клаус Йоханнис, раиси ҷумҳури Руминия, номзадии нахуствазири навро бидуни шарҳ рад кард. Агар президент номзадии нахуствазирро рад намекард, Севил Шайдои 52-сола дар таърихи ин кишвар аввалин зани мусалмоне мебуд, ки ба чунин мақоми баланд мерасид.

Баъзе расонаҳо тахмин мезананд, ки Шайдо аз дастпарвардаҳои раҳбари либерал-демократҳо Ливу Драгни аст, ки худаш ба иллати доғи судӣ, дар заминаи тақаллуби интихобот, наметавонад мақоми нахуствазирро соҳиб шавад. Акнун ҳизби Сотсиал-демократ, ки дар интихоботи 11 декабр пирӯз шудааст, маҷбур аст, ба мақоми нахуствазир номзади дигар пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG