Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳдӣ Каррубӣ аз мақомаш истеъфо дод


Меҳдӣ Каррубӣ

Меҳдӣ Каррубӣ, раҳбари аршади мухолифини Эрон ки беш аз шаш сол дар ҳабси хонагӣ буд, аз мақоми дабири кулли ҳизбаш истеъфо дод.

Каррубӣ дар номае ба унвони ҳизби Эътимоди Миллӣ гуфт, ки тасмими ӯ талош барои ҳифзи ваҳдати ҳизб дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон аст.

"Бо назардошти вазъи ман аз соли 2011 ва ин ки намедонам ин ҳолат чӣ қадар идома мекунад, ман аз дӯстонам хоҳиш кардам, ки истеъфоямро бипазиранд". навиштааст рӯзномаи "Шарқ" бо иқтибоси номаи Каррубӣ.

Ҳусейн Каррубӣ, писари Меҳдӣ Каррубӣ хабари истеъфои падарашро тасдиқ кард.

Каррубии 79 сола ва Мир Ҳусейн Мусавӣ аз номзадҳои ислоҳотталаб ва раҳбарони ҷумбиши Сабз дар интихоботи зиддунақизи соли 2009 буданд.

Ин ду сиёсатмадор ҳудудан баъди ду соли зери суол бурдани пирӯзии номзади муҳофизакор, Аҳмади Наҷод ва эътирозҳои оммавӣ дар Эрон, барои ба гуфтаи мақомот "фитнакорӣ", бо ҳамсаронашон ҳабси хонагӣ шуданд.

Фаъолияти ҳизби Эътимоди Миллӣ баъди интихобот мамнӯъ шуд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури нисбатан муътадили Эрон дар маъракаи соли 2013, озодии Каррубӣ ва Мусавиро тазмин карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG