Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СПАД иваз мешавад?


Николай Бордюжа
Николай Бордюжа

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъ шудаанд, номзадии дабири нави ин созмонро баррасӣ хоҳанд кард. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 26 декабр ба хабарнигорон гуфт, "номзадҳо ҳастанд ва президентҳо натиҷагирӣ мекунанд." Дар ҳоли ҳозир Николай Бордюжа дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъист. Қарор буд, масъалаи ивази дабири кулли созмон моҳи октябри имсол дар Ереван, пойтахти Арманистон, баррасӣ шавад, вале бо сабабҳои номаълум аз рӯзномаи ҷаласа берун шуда буд. СПАД бар пояи Созишномаи амнияти дастҷамъии 15 майи соли 1992, ки аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд. Узбакистон аз июни соли 2012 узвияти худро дар ин созмон қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG