Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Майкл даргузашт


Ҷорҷ Майкл, овозхони шинохтаи Бритониё, дар синни 53 бар асари сактаи қалб вафот кард. Қаблан гуфта шуд, ки овозхон дар манзилаш, воқеъ дар шаҳристони Оксфоршир, "дар ҳоли оромиш" даргузашт.

Ҷорҷ Майкл, мавсум ба Йоргос Кириакос Панойоту дар гурӯҳи Wham! ва яккасароӣ шӯҳрат ёфта, беш аз 100 миллион албом фурӯхтааст. Ӯ ду дафъа ҷоизаи "Грэмми"- ро барои албоми Faith ва дуэт бо Арета Франклин дарёфт кард ва таронаҳояш мисли One more try ва Don't let the sun Go Down on Me борҳо дар сархати таронаҳои маъруфи Billboard, бузургтарин нашриёти мусиқии Амрико, қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG