Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки Фонди хайриявиашро мебандад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, рӯзи 24 декабр гуфт, то замони расман ба кор шуруъ карданаш Бунёди хайриявии худро барҳам хоҳад дод. Додситонии кулли Ню-Йорк гуфтааст, дар ҳоли ҳозир гузориш дар бораи сарфи пулҳои ин фондро дар ситоди интихоботии Доналд Трамп таҳқиқ дорад ва то поёни тафтишот Фонд набояд баста шавад. Трамп рӯзи шанбе гуфт, ҳадаф аз бастани Бунёди хайрия ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳост. Вале ҳамзамон афзудааст, сад дар сад пулҳои фонди ӯ ба корҳои хайр сарф шудаанд. Ба қавли ӯ, Бунёди хайрияи Трамп ба ветеранҳо ва кӯдакон ба маблағи миллионҳо доллар кумак кардааст. Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 8 ноябри имсол дар Амрико бар рақибаш Ҳилларӣ Клинтон пирӯз шуд. Вай рӯзи 20 январ расман ба унвони раиси ҷумҳур савганд ёд карда, баъдан Барак Обамаро дар Кохи Сафед иваз хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG