Ҳудуди 55 ҳазор нафар дар Олмон ба тарки хонаҳояшон маҷбур шудаанд. Мақомоти шаҳри Осбург гуфтанд, ин масъала ба ёфт шудани бомбаи ҳанӯз нотаркида аз замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ марбут аст. Мақомот рӯзи 24 декабр гуфтанд, маркази таърихии ин шаҳр рӯзи якшанбе барои як муддати номаълум баста хоҳад монд. Мактабҳо ва муассиссаҳои дигар ҳамчун сарпаноҳ ба сокинон дода шудааст. Ёфтани муҳимоти ҳанӯз натаркида аз замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Олмон ғайри қобили пешбинӣ нест, вале ин бузургтарин тахлияи сабтшудаи афрод ба шумор меравад. Соли 2011 ҳудуди 45 ҳазор бошандаи шаҳри Коблензи Олмон ба хотири поксозии шаҳр аз як бомбаи боқимонда аз замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуда буданд.