Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Тоҷикон дар ғами мардуми Русия шарик ҳастанд. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Баҳри Сиёҳро талафоти сангин донист. Ӯ рӯзи 25 декабр бо ирсоли паёми таслият ба Владимир Путин гуфт, сокинони Тоҷикистон дар ин шабурӯз дар ғами мардуми Русия шарик ҳастанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, оқои Раҳмон аз "хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳомили низомиён ва ҳунармадону намояндагони расонаҳо сахт андӯҳгин шуда" ва аз Владимир Путин хостааст, ки ҳамдардии ӯро ба хонаводаи қурбониён бирасонад.

Навори видео:

Суқути ҳавопаймои Русия дар Баҳри Сиёҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Амалиёти Русия дар Сурия моҳи сентябри соли 2015 оғоз шуд ва дар ин муддат Маскав борҳо ба бомбаборони муассисаҳои мулкӣ ва манотиқи аҳолинишин муттаҳам шуд.

Вазорати дифои Русия пораҳои ҳавопаймоеро, ки субҳи 25 декабр аз фурудгоҳи Сочи ба ҳаво бархоста, вале пас аз ҳафт дақиқа аз саҳифаи радар нопадид шуда буд, дар Баҳри Сиёҳ ёфтанд. Ин ҳавопаймои ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигор ва 64 узви ансамбли маъруфи Александров, барои муборакбодии Соли Нав ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Ҳмеймими Сурия мерафтанд. Елизавета Глинка, маъруф бо номи "Доктор Лиза", низ шомили ин ҳайат будааст.

Елизавета Глинка ҳамроҳи Владимир Путин. 8 декабри 2016
Елизавета Глинка ҳамроҳи Владимир Путин. 8 декабри 2016

Як мақоми ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҷомадони мусофирон дар соҳили Баҳри Сиёҳ дида шуда, аммо то ҳол ҷасадҳо ёфт нагардидаанд. Ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи мусофирони ҳавопаймои "Ту-154" идома дорад ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дастур додааст, ки барои таҳқиқи ҳодиса ва, ҳамин тавр, ёрӣ ба хонаводаи қурбониён комиссияи давлатӣ ташкил шавад.

Ҳавопаймои "Ту-154", ки бо мусофиронаш дар Баҳри Сиёҳ суқут кард, соли 1983 истеҳсол шуда, дар маҷмӯъ, 6 ҳазору 689 соат парвоз анҷом додааст. Ба иттилои Вазорати дифои Русия, таъмири охирини ин ҳавопаймо ду сол пеш сурат гирифта буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, гуфт, ҳанӯз дар бораи иллатҳои суқути ҳавопаймо хулоса кардан барвақт аст. Виктор Озеров, раиси Кумитаи дифоъ дар маҷлиси болоии порлумони Русия, гуфтааст, ӯ террористӣ будани ҳодисаро истисно медонад. Ба қавли Озеров, "суқути ҳавопаймо метавонад, нуқси техникӣ бошад, ё иштибоҳи аъзои экипаж."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории РИА Новости навишт, дар робита ба суқути ҳавопаймо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, масъулони парвоз мавриди пурсиши муфаттишон қарор гирифтанд. Мақомоти Русия мегӯянд, аз 92 нафар 8 тан ходими ҳавопаймо ва 84 нафари дигар хабарнигорон ва навозандагони артиш буданд. Аз ҷумла, се хабарнигори Шабакаи аввали Русия (ОРТ), се хабарнигори телевизиони "Звезда" ва гурӯҳи наворбардории НТВ ба ин ҳайат шомил будаанд.

Амалиёти Русия дар Сурия моҳи сентябри соли 2015 оғоз шуд ва дар ин муддат Маскав борҳо ба бомбаборони муассисаҳои мулкӣ ва манотиқи аҳолинишин муттаҳам шуд. Кремл мегӯяд, ин ҳамлаҳо ба муқобили ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" равона шудаанд.

Ҷанги дохилӣ дар Сурия аз шаш сол ба ин тараф идома дорад ва нерӯҳои давлатии он кишвар ва муттаҳидонаш ба наздикӣ тавонистанд Ҳалаб -- калонтарин шаҳри он кишварро, ки солҳо дар назорати мухолифони ҳукумат буд, ба таври комил ба тасарруфи худ дароранд. Ҳафтаи гузашта чаҳор созмони имдодрасонӣ ва нозирони вазъ дар Сурия, дар номае ба Созмони Милали Муттаҳид Русияро муттаҳам карданд, ки ба таври мустақим ё бо ҳамдастии нерӯҳои дигар дар Сурия, даст ба ҷинояти ҷангӣ задааст.

Дар ин нома ба беш аз 300 мавриди ҳамла дар Ҳалаб ишора шудааст, ки қонунҳо ва меъёрҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ зери по гузошта шуда ва дар онҳо беш аз 1200 ғайринизомӣ, аз ҷумла 380 кӯдак кушта шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG