Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози сол эълон шуд


Манучеҳр Ҷалилов
Манучеҳр Ҷалилов

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар як маросим, ки рӯзи 24 декабр дар Душанбе баргузор шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард. Дар ин маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои мавсими имсола гузориш дод.

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2016” мукофотонида шуд. Зимнан, Ҷалилови 26-сола, ки ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон аст, бори дувум пайиҳам ба ин ҷоиза муваффақ мешавад.

Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ дар риштаҳои футбол ва футзал ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Лауреатҳои мавсими футболи соли 2016 дар Тоҷикистон:

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-13) – Салоҳиддин Иргашев («Солор»);

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-15) – Абдузоҳид Каримов (РШВСМ);

Беҳтарин бозигар байни наврасон (U-17) – Шаҳзод Раҷабов («Истиқлол»);

Беҳтарин бозигар байни ҷавонон (U-19) – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии кӯдакон – Исмоил Саидов («Авиатор»);

Ҷоизаи «Чеҳраи сол» – Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»);

Беҳтарин футболбоззан – Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка»);

Беҳтарин мураббии футзал – Хуршед Пиров («Газпром»);

Беҳтарин бозигари футзал – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»);

Довари ояндадор – Вафо Қараев (Шаҳринав);

Беҳтарин бозигари дублёрҳо – Шериддин Бобоев («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии мусобиқаи дублёрҳо – Олим Қадамшоев (ССКА «Помир»);

Беҳтарин бозигари лигаи аввал – Абдухалил Боронов («Панҷшер»);

Беҳтарин мураббии лигаи аввал – Тухтабой Абдураҳимов («Панҷшер»);

Беҳтарин бозигари сол – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

XS
SM
MD
LG