Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар Донбасс имрӯз ҳукми иҷро мегирад


Донбасс, ки аз ҷанг "хаста шудааст". Акс аз рӯзи 18-уми октябр
Донбасс, ки аз ҷанг "хаста шудааст". Акс аз рӯзи 18-уми октябр

Қарор аст, нимашаби имрӯз созиши оташбас байни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи кишвар ҳукми иҷро бигирад. Созиши мазкур то замони “номуайян” аст. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина гуфт, созиши ҳосилшуда дар рӯзи 21-уми декабр як аломати он аст, ки Украинаи хасташуда аз ҷанг дар роҳ ба сӯи сулҳи поянда аст. Нӯҳ созиши оташбас то кунун аз ҳам пошида буданд.

Петро Порошенко гуфт, ”Ман умедворам, ки ба шарофати чораҳои андешида, дар остонаи соли нав ва иди милоди масеҳ, ин созиши оташбас дар шарқи Украина, дерпой мешавад,” Раҳбарони худхондаи ҷудоиталабон дар минтақа гуфтанд, ки баъди авҷ гирифтани хушунат дар вилояти Донбасс дар чанд вақти ахир, созиши оташбас аломати умедворкунанда аст.

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, Франк Валтер Штейнмайер, вазири умури хориҷии Олмон гуфтанд, аз “азми дигарбораи якдилона” барои сулҳ дар остонаи ид истиқбол мекунанд. Ду тараф соли гузашта низ дар остонаи ид, барои оташбас мувофиқат карданд. Охирин созиш, моҳи сентябр буд ва то ҳамин моҳ аксаран риоят шудааст.

XS
SM
MD
LG