Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ: Караулова мехост, бо шиносномаи тоҷикӣ ба Сурия равад


Варвара Караулова, донишҷӯи пешини Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) мехост бо гирифтани шиносномаи қалбакии тоҷикӣ ба Сурия рафта, ба сафи созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) бипайвандад.

Ин нукта дар қарори 22 декабри Додгоҳи низомии Москва зикр шудааст. Донишҷӯи пешини ДДМ дар талоши пайвастан ба сафи ДИ айбдор ва ба 4,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Муҳлати ҷазои маҳкумшуда аз 27 декабри соли 2015 ҳисоб мешавад.

Караулова, ки баъдан ному насаби худро ба Александра Иванова иваз кард, моҳи июни соли гузашта дар марзи Туркия бо Сурия боздошт шуда, моҳи ноябри ҳамон сол зиддаш бо гумони талоши пайвастан ба сафи гуруҳи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Ҳангоми суҳбат мубаллиғони ДИ ба ӯ чанд роҳи рафтан ба Сурия, аз ҷумла тариқи Гурҷистон ва Озарбойҷонро пешниҳод кардаанд. Бар пояи қарори додгоҳ, ҳамчунин гирифтани шиносномаи қалбакии тоҷикӣ низ ба вай пешниҳод шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, Караулова бо даъватҳои Айрат Самадов, мубаллиғи ДИ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ суҳбат мекард, динашро тағйир додааст. "Караулова зидди иштирок дар ҷангҳо ба ҷонибдорӣ аз ДИ набуд, вале гуфт, ки мехост ба ҷангиён кумаки тиббӣ расонад", - изҳор доштааст додрас.

Донишҷӯи рус зимни ироаи сухани охирин аз додрас хост, ки ӯро афв кунад ва афзуда, ки фирор аз хонаашон "иштибоҳи бузург" буд. Ба гуфтаи Караулова, ӯ тариқи шабакаи иҷтимоӣ бо аъзои ДИ на ҳамчун ҷангҷӯ, балки ҳамчун дӯстоштааш суҳбат кардааст. "Мехоҳам ин ҳамаро фаромӯш кунам. Намехоҳам, ки дар назари наздикони худ ҳамчун муҷоҳид ё террорист бимонам. Фикр мекунам, ки ба андозаи кофӣ муҷозот шудаам ва мехоҳам ин ҳамаро ҷуброн кунам", - афзудааст Караулова.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG