Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев: Амнтарин тиҷоратро дар минтақа Қирғизистон дорад


Бар пояи назарсанҷиҳои Gallup, 80 дарсади аҳолии Қирғизистон аз президент ҳимоят мекунанд. Дар ин бора Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар дар форуми тиҷоратии Ню-Деҳлии Ҳиндустон хабар додааст. Ба гуфтаи вай, расонаҳо навиштаанд, ки ворид кардани тағйирот ба Конститутсия ба хотири тамдиди муҳлати президентии Отамбоев аст.

"Ман агар инро мехостам, метавонистам, тавре кунам, ки президенти Қирғизистон чанд бор интихоб шавад. Аммо мехоҳам, ки дар Қирғизистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тавре шавад, ки салоҳиятҳои президент бо роҳи осоишта интиқол ёбад", - гуфтааст вай.

Дар бораи тиҷорат дар Қирғизистон Отамбоев гуфтааст, "фикр мекунам, ки амнтарин тиҷоратро дар минтақа Қирғизистон дорад. Орзуи ман ин аст, ки тиҷорат чуноне, ки дар Аврупо кафолат дорад, дар кишвари мо ҳам кафолат дошта бошад", - афзудааст вай.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG