Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 16 узви "ат-Такфир ал-Ҳиҷра"


Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, 16 нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "ат-Такфир ал-Ҳиҷра" боздошт кардааст. "Амалиёти кормандони мақомоти махсус дар Оқтеппа, Атирау ва шаҳри Алмаато дар як вақт ҷараён дорад", - афзудааст хадамоти матбуотии КДАМ Қазоқистон. Манбаъ замон ва макони боздоштҳоро зикр накардааст, вале гуфтааст, амалиёти кормандони кумита барои нобудсозии ҷиноҳи созмонҳои мамнуъ имрӯз оғоз шудааст. Боздоштшудаҳо дар барангехтани адовати қавмӣ айбдор мешаванд. Фаъолияти созмони "ат-Такфир ал-Ҳиҷра" соли 2014 бо қарори додгоҳ дар Қазоқистон манъ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG