Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шарофиддин Имомов бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ


Тоҷикистон гуфтааст, ки Афғонистонро дар мубориза бо терроризм кӯмак мекунад. Ҷониби Афғонистон ҳам гуфтааст, ки аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мехоҳанд, ки дар мубориза бо терроризм ҳамкории ҷиддӣ ва бештар намоянд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси иҷроияи Афғонистон, дар мулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон, ки рӯзи 20 декабр дар Кобул баргузор шуд, масоили дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, баҳсу гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Сафири Тоҷикистон дар Кобул дар ин мулоқот гуфтааст, ки Душанбе омодаи ҳамкории бештар барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитӣ бо ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аст, то аз фурсатҳои мавҷуд барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар ду кишвар истифодаи муносиб сурат бигирад. Сафири Тоҷикифстон ҳамчунон гуфтааст, ки терроризм ва ифротгароӣ як таҳдиди бузург дар минтақа аст ва Тоҷикистон барои мубориза бо он, дар паҳлӯи Афғонистон мебошад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин мулоқот гуфтааст шудааст, ки бинобар вазъи ҳассоси минтақавӣ, ки терроризм ва ифротгароӣ ба ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна таҳдид мекунад ва Афғонистон дар хатти муқаддами он қарор дорад, ин кишварҳо барои муқобила бо ин зуҳурот, бояд бо ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳамкории ҷиддӣ ва бештаре кунанд.

XS
SM
MD
LG