Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъияти изтирорӣ дар Иркутск


Баъд аз марги беш аз 50 нафар дар натиҷаи истеъмоли маҳлули заҳролуди дӯлона волии минтақаи Сибири Русия дар шаҳри Иркутск ҳолати фавқулода ҷорӣ кард. Сергей Левченко аз рӯзи 20 декабр фурӯши ҳама анавъи маҳлули дорои алкоҳолро, ки барои истеъмол пешбинӣ нашудааст, манъ намуд. Ӯ гуфт, то анҷоми таҳқиқот фурӯши ин навъи маҳлулҳо манъ мешавад. Дафтари додситонии маҳаллӣ ва ҳам мақомоти беҳдошт гуфтанд, дар натиҷаи истеъмоли маҳлули дӯлона, ки дар дорухона фурӯхта мешуд, 55 нафар заҳролуд шуда ва ҷон доданд. Кумитаи тафтишот гуфт, ки ин маҳлул дорои метанол буд, ҳарчанд аз рӯи муқаррарот бояд дорои навъи безарари алкоҳол – этанол мешуд. 7 гумонбари фурӯши ин маҳлул боздошт ва ду фурӯшгоҳи ин мавод ошкор шудааст. Заҳролудшавӣ бо алкоҳоли сохта як мушкили умда дар Русия мебошад, чун дар андешаи пайдо кардани арақи арзон гоҳо сокинон ба истеъмоли маводи дорувор даст мезананд.

XS
SM
MD
LG