Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамлаи 19 декабр ба ҳодисаи террористӣ шабоҳат дорад"


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки ҳодисаи куштори 12 нафар дар бозорчаи солинавии шаҳри Берлин дар шоми 19 декабр метавонад, "ҳамлаи террористӣ бошад". Ӯ гуфт, ҳанӯз бисёр чиз мушаххас нест ва бояд таҳқиқот анҷом шавад. Вале, ба гуфтаи ӯ, агар собит шавад, ин амалро махсус ва нафаре анҷом додааст, ки аз ҷониби Олмон паноҳандагӣ гирифтааст, шигифтангез хоҳад буд.

Ангела Меркел афзуд, ​"ин як ҳодисаи хеле бад аст. Мисли миллионҳо сокинони Олмон ман ҳам шок шудам ва аз он чизе, ки рӯзи 19 декабр дар як бозорчаи идонаи Берлин рух дод, такон хӯрдам. 12 нафаре, ки ҳанӯз дирӯз дар паҳлӯи мо буданду интизори фарорасии иди Милоди Масеҳ буданд, нақшаву барномаҳои идона доштанд, дигар бо мо нестанд. Дар натиҷаи як амали ғайриқобили тавҷеҳ ҳаёти онҳо рабуда шуд. Беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд ва онҳо бояд барои ҳаёти худ мубориза баранд."

Хабаргузориҳои ғарбӣ бо такя ба манобеи амниятии Олмон гузориш доданд, ки гумонбари аслӣ як муҳоҷири 23-солае аз Покистон аст, ки дар як қароргоҳи канори Берлин зиндагӣ мекард. Ронандаи мошини боркаше, ки издиҳоми мардумро пахш кард, боздошт шудааст. Меркел барои мизбонии тахминан 1 миллион муҳоҷир, асосан сокинони Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар Олмон шадидан интиқод шудааст.

XS
SM
MD
LG