Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми шаҳрванди Қазоқистон дар сархати раддабандии нави Nature


Маҷаллаи илмии маъруфи Nature, ки аз соли 1869 ба ин сӯ дар Бритониё чоп мешавад, исми як шаҳрванди Қазоқистонро дар баробари чеҳраҳои таъсиргузортарини дунё дар соҳаи илм зикр кардааст. Александр Элбакян, хатмкардаи Донишгоҳи миллии технологии Қазоқистон ва коршиноси 28-солаи умури технологияи иттилоотӣ ҳамчун бунёдгузори лоиҳаи интернетии Sci-Hub зикр шудааст.

Sci-Hub, ки моҳи сентябри соли 2011 таъсис ёфт, худро нахустин манбаи дуздӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад, ки даҳҳо миллион матлабҳои илмиро дастраси омма гардонидааст. Феълан дар китобхонаи рақамии он беш аз 58 миллион матлаб ҷойгир аст. Шумори боргирии матлабҳояш дар соли 2016 ба 75 миллион мерасад, ки 3%-и онро матолиби илмии ҷаҳонӣ ташкил медиҳанд.

Соли 2015 ширкати ҳоландии Elsevier, яке аз чаҳор нашриёти бузургтарини дунё оид ба нашри маҷаллаҳои илмӣ аз болои Sci-Hub ба додгоҳ шикоят бурда, онро ба нақзи ҳуқуқи муаллифон ва ҳамлаҳои ҳакерӣ айбдор кард.

Дар сурати исботи даъво ба Александр Элбакян зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми чанд миллион доллари ИМА таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, шаҳрванди Қазоқистон макони будубоши худро махфӣ нигоҳ медорад. Як соли пеш додгоҳе дар ИМА қарор кард, ки сомонаи Sci-Hub баста шавад, вале он ҳанӯз ҳам бо нишониҳои гуногун ба фаъолияташ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG