Нирӯҳои амниятии Урдун мегӯянд, ки чор муттаҳами куштори 10 нафарро нобуд кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки афроди мусаллаҳ рӯзи 18 декабр ба як патрули полис ҳамла карда баъдан дар қалъаи шаҳраки ҷанубии Карак панаҳ бурданд. Ин яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳо дар соли ҷорӣ дар Урдун буд, ки дар пасманзари ҷангҳо дар ҳамсоякишварҳои Сурияву Ироқ рӯй додааст. Дар изҳороти расмии нирӯҳои интизомӣ гуфта мешавад, ки чор террористи ҳамлагар дар паи як рӯёрӯӣ нобуд карда шуданд. Дар ин бора инчунин телевизиони давлатии Урдун ҳам рӯзи 19 декабр хабар дод:
"Нирӯҳои муштараки амниятӣ, ки баъд аз зӯҳри имрӯз бо як гурӯҳи террористии панаҳшуда дар дохили қалъае дар Карак вориди даргирӣ шуд, ниҳоят тавонист ҳамаи чаҳор террористро безарар гардонад. Қаблан ин афрод чанд тан аз нирӯҳои амниятӣ ва раҳгузаронро ҳадаф қарор доданд”.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамлагарон кӣ буданд ва то куҷо онҳо аъзои гурӯҳи мусаллаҳе будаанд ё на. Хабаргузориҳои дигар мегӯянд, ки ҳамлагарон 7 ходими амниятӣ, ду урдунии мулкӣ ва як зани канадагиро куштаанд. Тахминан 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.