Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъсири бади" Маскав дар нишасти НАТО матраҳ мешавад


Сафири ИМА дар НАТО гуфт, ки фиристодаҳои ин созмон ният доранд, дар мулоқот бо ҳамкори русашон дар Брюссел рӯзи 19 декабр, ба қавли ӯ, «таъсири бади» Маскавро ба умури дохилии НАТО матраҳ кунанд. Дуглас Лют дар сӯҳбат бо шабакаи ABC News рӯзи 18 декабр гуфт, киберҳамлаҳое, ки болои ташаккулҳои сиёсии ИМА, назири Кумитаи миллии демократӣ карда мешавад ва ба ин хотир Русияро дар мудохилаи мустақим болои умури Вашингтон муттаҳам медонанд, яке аз масъалаҳои мавриди баррасии Шӯрои НАТО-ву Русия хоҳад буд. Ӯ гуфт, мутмаин аст, на камтар аз як кишвари узви НАТО масъалаи "таъсири бади" Русия ба умури Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаҳои дигарро дар ин нишаст матраҳ хоҳанд кард. Нишасти Шӯрои НАТО ва Русия дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ҷомеаи амрикоӣ даъватҳои бештар барои таҳқиқи киберҳамлаҳои эҳтимолии Русия дар ҷараёни интихобооти президентии Амрико ба гӯш мерасад.

XS
SM
MD
LG