Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" хонаву мошинашро ба фурӯш гузошт


Раҳбарияти "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 19 декабр эълон кард, ки пули амонатии муштариёнашонро аз 3 январи соли оянда бармегардонад. Онҳо гуфтанд, барои ин кор манзилу дафтар ва мошинҳои мутааллиқ ба бонкро низ ба музояда (ауксион) гузоштаанд. "Ин иқдом муддати ду ҳафта идома ёфта, ҳангоми хариди амвол ба амонатдорони бонк имтиёз ва бартарӣ дода мешавад", - таъкид шудааст дар огоҳиномаи "Тоҷиксодиротбонк".

Ба қавли раҳбарияти бонк, аз 19 декабр банкоматҳои тӯли тақрибан ҳафт моҳ бекорхобидаи онҳо дубора фаъол шудааст. Ҳар як муштарии бонк дар рӯз ҳаққи гирифтани 100 сомониро дорад. Рӯзи 13 декабр Тоҷиддин Пирзода (Пиров), раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк", дубора ба раёсати ин бонк бозгашта, бо ҳайати бонк ва қарздорон сӯҳбат анҷом дод ва гуфт, шеваи баргардондани пули онҳоро мушаххас мекунад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи "Тоҷиксодиротбонк" мудирияти онро ба даст гирифта буд. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19 майи имсол хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, "ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гирифта шудааст".

XS
SM
MD
LG