Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манораи Эйфел дубора ба кор даромад


Манораи Эйфели Порис рӯзи панҷшанбе баъди корпартоии панҷрӯзаи кормандонаш дубора дарҳои худро ба рӯзи зоирин боз кардааст. Кормандони Эйфел 13 декабри соли равон даст ба корпартоӣ зада, талаб карданд, ки шароити кор дар манора беҳтар ва барои нигаҳодорияш аз буҷа бештар пул ҷудо шавад. Манораи Эйфел рамзи пойтахти Фаронса буда, яке аз машҳуртарин маконҳои сайёҳии ҷаҳон аст. Дар мавсими ҷашнҳои солинавӣ, интизор меравад, то 20 ҳазор сайёҳ аз он дидан кунанд

XS
SM
MD
LG