Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди баргузории тазоҳурот дар назди сафорати Туркманистон


Худойбердӣ Аллашов
Худойбердӣ Аллашов

Ҳукумати Маскав, пойтахти Русия, дархости ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроевро барои баргузории тазоҳурот дар назди бинои сафорати Туркманистон дар ин шаҳр рад кард. Маркази ҳуқуқи "Мемориал" гуфт, ки ин тазоҳурот бояд 19 декабр ва бо нигаронӣ аз таъқиби журналистон дар Туркманистон баргузор мешуд. Вале ҳукумати Маскав гуфтааст, баргузории тазоҳурот ҳаракати нақлиёт ва равуои сокинонро халалдор мекунад. Дар созмони "Мемориал" чунин далели шаҳрдориро "бофта" донистанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, идеяи баргузории эътироз баъди боздошти хабарнигори Радиои Озодӣ Худойбедӣ Аллашов ба миён омадааст. Мақомоти Туркманистон Аллашовро рӯзи 3 декабри имсол боздошт карда ва ба нигоҳдории тамоку муттаҳам намуданд.

XS
SM
MD
LG