Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғорати 24 миллион рубли мевафурӯши қирғиз дар Москва


Дар яке аз саррофиҳои маркази Москва беш аз 20 миллион рубли як зани мевафурӯшро аз Қирғизистон ғорат кардаанд.

Бино ба ттилои life.ru, Д. Билимаи 30-сола ба пулис муроҷиат карда, гуфтааст, ки 24 миллион рубли ӯро дуздиданд. Ба гуфтаи ин зан, ӯ барои харидории доллар ба саррофӣ омада буд, вале хазинадор пулҳоро гирифта ғайб задааст.

"Фурӯшандаи бозор бо мақсади иваз кардани рублҳояш ба доллар ба саррофии воқеъ дар кӯчаи Бахрушин омадааст. Ӯ пеш аз омадани худ хазинадорро ба воситаи телефон огаҳ кардааст, ки пули зиёд меорад. Кормандони саррофӣ низ баъди гирифтани пул бедарак шудаанд", - гуфтааст манбаи расона.

Ба маҳалли ҳодиса гуруҳи муфаттишон ҳозир ва таҳқиқи қазия шуруъ шудааст. Тавре маълум гардид, зан дар яке аз бозорҳои ҷанубу шарқи пойтахти Русия мева мефурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG