Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо "Газпром"-и Русия шартнома баст


Вазири нафти Эрон Бежан Зангина
Вазири нафти Эрон Бежан Зангина

Эрон барои тавсеаи ду ҳавзаи нафт бо ширкати "Газпрпом"-и Русия қарордоди пешакӣ имзо кард. Ширкати миллии нафти Эрон ва "Газпром ёддошти тафоҳумро рӯзи 13 декабр бо баргузории як маросим дар Теҳрон имзо карданд. Дар ин маросим вазири энержии Русия Александр Новак иштирок кард.

Ин созиш ба ширкати Русия имкон медиҳад, тавонмандии ду ҳавзаи нафти Эрон дар марз бо Ироқ - "Чашмихуш" ва Чангула"-ро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ду захирагоҳи ахир ба панҷ ҳавзаи нафти Эрон илова мешавад, ки ширкатҳоии "Лукойл", "Татнефт" ва "Зарубежнефт"-и Русия ба худ ихтисос додаанд", - гуфтааст вазири нафти Эрон Бежан Зангина.

Эрон истихроҷи нафти хомро дар ҳоле афзоиш додааст, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи ин кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз барномаҳои ҳаставияш лағв шуданд. Теҳрон дар ин авохир як идда қарордоро бо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Shell ва Total имко кард.

XS
SM
MD
LG