Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешаи хабарнигорӣ хатарнок шудааст


Теъдоди хабарнигорони зиндонӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфта, ҳоло то 259 нафар расидааст, ки 81 тани онҳо дар Туркия ҳабс шудаанд.

Биноба маълумоти Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон пайванди таъқиби додгоҳии кормандони ВАО-и Туркияро дар заминаи фаъроияти кории онҳо дақиқ кардан душвор аст. Зеро мақомоти ин кишвар маъракаи саркуб карданро баъди табаддулоти нокоми моҳи июли соли равон оғоз карданд, ки дар ташкили он рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен муттаҳам шудааст.

Аз рӯи теъдоди хабарнигорони зиндонӣ Чин бо ҳабси 38 рӯзноманигор дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Биноба ҳисобҳои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, шумори умумии хабарнигорони саркубшуда дар ҷаҳон ҳоло ба ҳисобҳои соли 1990 баробар буда, ва аз чаҳор се ҳиссаи онҳо ба фаъолиятҳои зидди давлатӣ муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG