Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷик дар зиндони Русия аз таҳдид шикоят кард


Як зани тоҷик дар зиндони Твери Русия аз рӯи маҳбусони дигар, ки ба ӯ дар заминаи миллӣ таҳдид кардаанд, ба мақомот шикоят бурд. Дар ин бораи Созмони вакилони ҳуқуқи башари Русия хабар дод.

Лолахон Мирзоева дар маҳбаси рақами 5-и Твер зиндонӣ аст. Наздикони ӯ мегӯянд, мушкилоти Мирзоева дар ҳоле сар шуд, ки ӯ ба интиқол ёфтан ба Тоҷикистон ризоият надод ва санадро имзо накард. Хешовандонаш мегӯянд, баъди ин ба Мирзоева аломат доданд, ки акнун вазъияташ тоқатнопазир мешавад.

Гуфта мешавад, як маҳбусе, ки бояд пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шавад, ӯро таҳти фишор қарор додааст.

Созмони Вакилони ҳуқуқи башари Русия парванди Лолахон Мирзоеваро таҳти назорати ҷамъиятӣ гирифта, мехоҳад аз рӯи ин ҳодиса ба додсионӣ, хадамоти маҳбасҳо ва ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия муроҷиат кунад.

XS
SM
MD
LG