Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ExxonMobil - номзад ба мақоми вазири хориҷии Амрико


Рекс Тиллерсон, раҳбари собиқи ширкати ExxonMobil яке аз номзадҳои воқеии Доналд Трамп ба мақоми Котиби Давлатии Амрико баррасӣ мешавад. Хабаргузории Associated Press Тиллерсонро номзади пешсаф дар ин мақом хондааст.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Тиллерсон ҳамчун пуштибони тӯлонии тиҷорати озод, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳузури Ийолоти Муттаҳида дар Ховари Миёна шинохта шудааст. Раҳбари собиқи ширкати ExxonMobil бо Русия муносибати хуб дорад ва эҳтимолан метавонад паёмрасони байни Путин ва Трамп бошад.

Мувафақиятеро, ки ширкати ExxonMobil ба даст овард, ҳамоҳангсозии манфитаҳо бо ҳукумати Русия ва муносибати гарм бо Владимир Путинро тақозо мекард. Дар ҳоле, ки рақибони ExxonMobil дар Русия ба монеаҳо дучор мешаванд, ин ширкат фаъолияти худро пайваста дар Русия густариш медиҳад. Соли 2013 Путин ба Тиллерсон ордени Дӯстиро тақдим кард.

Доналд Трамп собиқ раҳбари ExxonMobil-ро бозигари сатҳи ҷавонӣ унвон кард ва гуфт, ки ӯ муомилоти бузургро бо Русия на барои худаш, балки барои ширкаташ анҷом додааст. Сарвари кумитаи Милии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Райн Прибэс, ки президенти мунтахаб ӯро раҳбари маъумрияти худ интихоб кардааст, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Эй-би-си Тиллерсонро "соҳбкори бузургу патриоти Амрико номид ва гуфт, кам нафароне ба мисли Тиллесон аз таҷрибаи кор дар хориҷ бархурдор ҳастанд.

Соли 2011 Тиллерсон барномаи ҳамкориаш бо ширкати "Роснефт", дар заминаи истихроҷи нафту газ дар Арктикаро эълон кард. Прибэс ба ин суол, ки равобити раҳбари ExxonMobil бо Русия аз ҳад беш нест, гуфт, ки "ӯ дар тамоми ҷаҳон нафт меҷӯяд" ва барои ин ба ҳарҷое меравад, ки дар он ҷо нафт ҳаст. Ӯ афзӯд, ин далел, ки Тиллерсон бо Путин муносибати хуб дорад набояд боиси ноҳинҷорӣ бошад, баракс ин барои ИМА бартарӣ аст, гуфт Райн Прибэс.

Моҳи марти соли 2016 Тиллерсони 65 сола бинобар расидан ба синни ҳадди аксари раҳбарӣ дар ширкат аз мақом истеъфо дод. Даромади ӯ дар соли гузашта 27 миллион доллар ҳисоб шуд.

Ёвари Доналд Трамп ниҳоӣ будани интихоби Тиллерсон ба ин мақомро тасдиқ накард.

XS
SM
MD
LG