Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кӯдак дар нақши ҳамлагари интиҳорӣ


Дар шаҳри Майдугури, воқеъ дар аёлати Борнои шимолу шарқи Нигерия ду духтараки 7-8 сола камарбанди ҳомили маводи таркандаро дар бозори ин шаҳр ва кор дароварда, як нафарро кушта ва 18 тани дигарро захмӣ карданд.

Таркишҳо дар фосилаи якчанд дақида аз якдигар ба вуқӯъ пайвастанд. Тавре Би Би Си бо такя ба гурӯҳҳои шибҳанизомии мардумӣ хабар медиҳад, ин ду кӯдак савори ароба ба бозор омаданд ва дарҳол ба умқи бозор, ҷойе, ки мардуми зиёд ҷамъ шуда буд, ҳаракат карданд. Шибҳанизомиҳо талош карданд бо онҳо бо забони маҳаллӣ ва англисӣ сӯҳбат кунанд. Аммо духтчаҳо аз сӯҳбат канораҷӯӣ карданд.

Маълум нест, ки камарбанҳои пур аз маводи таркандаро кӣ ба тани кӯдакон баст ва онҳоро чӣ гуна ба кор даромаданд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст. Аммо маълум аст, ки гурӯҳи "Боко-Ҳаром"- и Нигерия дар гузашта борҳо кӯдаконро ҳамчун маргталаб истифода кардааст. Моҳҳои ахир нерӯҳои ин кишвар ба танг кардани мавқеи "Боко-Ҳаром" муваффақ шуданд. Аммо ин гурӯҳ чун дар гузашта пайваста таркишҳоеро амалӣ мекунад. Рӯзи 9 декабр ду маргталаб худро дар бозори Мадагали муфаҷир карданд. Дар ин ҳодиса 45 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG