Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфтааст, ки агар президент Путин бихоҳад нерӯҳои мустақар дар ин кишвар омодаанд, бо камоли майл бар зидди "нобакорон" дар Сурия мубориза баранд. Изҳороти Қодиров дар вокуниш ба матолиби матбуоти Русия пахш шуд, ки гуфтааст, гурӯҳи омехтаи нерӯҳои вежаи "Восток" ва "Запад", мустақар дар Чеченистон, барои ҳимояи пойгоҳи ҳавоии Русия дар Сурия ба Ховари Миёна интиқол меёбанд.
Рамазон Қодиров дурустии ин хабарро тасдиқ ё инкор накард, аммо дар Инстаграм навишт, нерӯҳои мустақар дар Чеченистон ҷанг дар Сурияро бо хушнудӣ мепазируфтанд. Ӯ афзуд, шахсан худаш муштоқи ҳамоиш ба ҷанги зидди "терроризми байналмилалӣ" аст. "Ман хушбахту сарафроз мешудам, агар бо амри Путин барои мубориза бо ин нобакорон оҷилан ба Сурия равам. Душман бояд дар лонааш маҳв шавад, пеш аз онки шохакҳояшро ба сарзамини мо ворид кунад", - гуфтааст Рамазон Қодиров.
Русия барои кумак ба нерӯҳои президент Башор Асад ҳамлаҳои ҳавоиро аз моҳи сентябри соли 2015 ба роҳ монда, дар ишғоли манотиқи кишвар ба ин нерӯ кумак мекунад. Пешрафти ахири нерӯҳои Асад дар Ҳалаб, дуюмин бузургтарин шаҳри Сурия мушоҳида шуд. Қодиров нагуфт, ки "нобакорон" киҳо ҳастанд. Ҳукуматҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳамлаҳои ҳавоии Русия асосан шӯришгарони зидди Асадро ҳадаф қарор медиҳанд, на гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро.
Рамазон Қодиров, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченичтон, минтақаи мусалмоннишини Русия, интиқод мешавад, борҳо худ ва нерӯҳои таҳти назораташро "Сарбозони пиёдагарди Путин" унвон кардааст.