Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литсейҳои туркӣ дар Қирғизистон табдили ном мекунанд


Литсейҳои туркӣ-қирғизии "Себат"-и Қирғизистон баста намешаванд, аммо ба "Сапат" табдили ном мекунанд. Дар ин бора Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, литсейҳои туркиро набояд бо созмонҳои сиёсие омехта кард, ки мехостанд дар Туркия табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ кунанд.

"Мо медонем, ки "Себат" ба чӣ корҳо машғул аст. Мумкин дар Туркия чунин литсейҳо ба табаддулоти давлатӣ рабт дошта бошанд, аммо литсейҳои моро айбдор карданд ҳазён аст. Ба ҳар сурат ман дастур додам, ки оинномаи онҳо тафтиш шавад. Инҳо мактаб ҳастанд, он ҳам босифат. Литсейҳо "Сапат", ки маънои сифатро дорад, табдили ном мекунанд", - афзудааст президент.

Шаби 16 июли соли ҷорӣ дар Туркия табадуллоти нокоми давлатӣ барпо шуд. Мақомоти Туркия мегӯянд, руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ин табаддулот даст дорад. Анқара аз ИМА хост, Гюленро ба Туркия истирдод кунад. Литсейҳои туркӣ дар бештар аз 100 кишвари дунё таъсис ва аз сӯи Гюлен маблағгузорӣ мешаванд. Пештар аз Туркия аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон хоста буд, ки литсейҳои туркиро банданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин литсейҳоро намебанданд.

XS
SM
MD
LG